Номнома

Парниён

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Парниён - ҳарир,
матоъи нафис, дебои нафиси мунаққаш, шоҳии нозуки нақшдор

Зи дониш кун либоси тан, ки зеб аст,
Насиҷу парниён аблаҳфиреб аст.
Хусрави Деҳлавӣ


З-он ранҷ танаш чунон гарон шуд,
К-аз заъф чу тори парниён шуд.
Шоҳин


парниёни ҳафтранг

پرنیان هفت‌رنگ

ҳарири рангоранг, матоъи нафиси пурнақш

коғази нафиси аз ҳарир сохташуда, ки ба рӯяш хат менавиштаанд

Набиштанд маншур бар парниён,
Ба расми бузургону фарри Каён.
Абулқосим Фирдавсӣ


Гулобу мушкро дар ҳам сириштанд,
В-аз ӯ бар парниён аҳде набиштанд.
Фахриддини Гургонӣ


маҷ.
шамшер

Яке гард баршуд, ки гуфтӣ сипеҳр,
Ба дарёи қир андар андуд чеҳр.
Бипӯшид рӯи заминро ба наъл,
Ҳаво яксар аз парниён гашт лаъл.
Абулқосим Фирдавсӣ


ҳарири рангоранг, матоъи нафиси пурнақш

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Парниён Parniyon Парниен