Номнома

Орзу

мардона занона

МАЪНӢ

Орзу - (форсӣ). آرزو хоҳиш, майл, умед, армон, ҳавас, иштиёқ

Орзу آرزو аз номҳои духтарона бошад; маънияш дар луғот:

1. хоҳиш, майл; ком, мурод.
Дарё гуҳарфурӯш аст аз орамидани мавҷ,
Гар орзу бимирад, фарзонаро арӯсест.
(Бедил)


2. интизор, таваққуъ, амал;
Як дилу сад орзу бас мушкил аст,
Як муродат бас бувад, чун як дил аст.
(Амир Ҳусайнӣ)


3. ҳавас, майл;
Як даст ҷоми бодаву як даст зулфи ёр,
Рақсе чунин миёнаи майдонам орзуст.
(Румӣ)


4. чизи матлуб, ҳоҷат;
Орзу мехоҳ, лек андоза хоҳ,
Барнатобад кӯҳро як барги коҳ.
(Ҷалолуддини Румӣ)


5. номи зани Салм («Ф.Шоҳнома»);

6. номи духтари Моҳёри ҷавоҳирфурӯш ва зани Баҳроми Гӯр («Ф.Шоҳнома»).

Калидвожаҳо

Маънои номи Орзу Orzu