Номнома

Оиша

занона

МАЪНӢ

Оиша (арабӣ) عايشه аз асмои занон бошад;

1. зинда, барҳаёт;

2. Оиша духтари яке аз чор хулафои рошидин Абӯбакри Сиддиқ аст. Ӯ яке аз ҳамсарони Расули гиромӣ, салаллоҳу алайҳи васаллам, буд. Паёмбар (с) баъд аз вафоти Хадиҷа ӯро ба занӣ гирифтаанд. Оиша, разияллоҳу анҳо аз фиқҳ ва шеър огаҳӣ дошт ва ӯ ривоёти касир аз паёмбар (с) нақл кардааст. Уламои омма ва аҳли суннат бад-он ривоёт тамассук мекунанд. Гуфтаанд, ки аз ӯ ҳудуди 2210 ҳадис ва ривоят нақл шудааст (613 – 678 м.)

Калидвожаҳо

Маънои номи Оиша Oisha