Номнома

Офтоб

занона

МАЪНӢ

Офтоб آفتاب номест мансуб ҳам барои занон ва ҳам барои мардон;

1. шамс, хур, хуршед, меҳр, шед, бузургтарин кавкаби осмон аст, ки ҳар саҳар тулӯъ мекунад ва рӯйи заминро равшанӣ ва гармӣ мебахшад ва ҳангоми шаб фурӯ мешавад.

Адл аст вориси ҳама осори ақли пок,
Ақл аст офтоби дилу адл аз ӯ зиёст.
(Носири Хусрав)


Чунон нуронӣ аз фарри ибодат,
Ки гӯӣ офтобонанду моҳон.
(Саъдии Шерозӣ)


2. гармобахши равшан;
3. нури шамс, хуршед;
4. маҷозан шароб бошад.

Калидвожаҳо

Маънои номи Офтоб Oftob