Нозанин
занонаМАЪНӢ
Нозанин - (форсӣ). نازنین зебо, қашанг; маҳбуба
Нозанин نازنين аз асмои бонувон; маънои он дар фарҳангҳо:
1.нозпарвард, гиромӣ дошташуда, ба нозу неъмат парварда; нозпарварда;
Он рӯйи нозанинро як дам ба сӯйи ман кун,
То бештар набинам насрину арғавонро.
(Амир Хусрав)
2.дорандаи ноз, нозкунанда; мураккаб аст аз ноз ва лафзи нин, ки калимаи нисбат аст;
Гар бар сари чашми мо нишинӣ,
Нозат бикашам, ки нозанинӣ.
(Саъдии Шерозӣ)
3.латиф ва зариф (сифати маъшуқ); маъшуқи зариф; маъшуқаи латиф ва зариф;
Сарфарозам кун шабе аз васли худ, эй нозанин,
То мунаввар гардад аз дидорат айвонам чу шамъ.
(Ҳофизи Шерозӣ)
4.маъшуқ; маҳбуб; маҳбуба; маъшуқаи бо карашма бувад;
Нозанино! Ба чунин ҳусну латофат, ки турост,
Ноз кун, ноз, ки шоистаи ноз омадаӣ.
(Шефтаи Ҳамадонӣ)
5.нозукандом, хушандом, латиф, дилрабо; ҷамил; зебо, зариф; хушрӯй, дилбар хуб, дӯстдоштанӣ; зеборӯй, зеборухсор, некӯчеҳра, саропо некӯ;
Гарам ба ноз кушию ба лутф бинвозӣ,
Ҳар он чи мекунӣ, эй нозанин, хушоянд аст.
(Заргари Исфаҳонӣ)
6.дӯстдоштанӣ, гиромӣ; азиз, арҷманд, мавриди иззу икром афтода;
Гирифтам дасти ёри нозанинро,
Зи рӯи аҷз бӯсидам заминро.
(А. Фароҳонӣ)
7. боарзиш, нафис, гаронбаҳо.

Калидвожаҳо
Маънои номи нозанин nozanin нозанин nozanin