Номнома

Назокат

занона

МАЪНӢ

Назокат - (арабӣ). نزاكت нозукӣ, латофат, ҳассосият; зебоӣ

Назокат نزاکت калимаи форсист, бар вазни луғати арабӣ;

1.форсиён иштиқоқи ин лафз ба алфози арабӣ кардаанд ва ҳол он ки форсист ва дар арабӣ ҳеч асл надорад; нозукӣ, латофат; зарофат.

Назокат ҳам дар ин маҳфил ба каф осон намеояд,
Гузори санг мехоҳад ба худ болидани мино.
(Абдулқодири Бедил)


2.покизагӣ; ноб;

Дар ҳарими синаи ушшоқ ғам номаҳрам аст,
Дар назокатхонаи ойина дам номаҳрам аст.
(Соиби Табрезӣ)


3.хушахлоқӣ, рафтори писандида; салиқа; салиқаи некӯ; хӯи хуш;

4.нармӣ, мулоимат, оҳистагӣ; ин ном ба муроде ба фарзанд гузоранд, ки то ӯ дорандаи феълу атвори шоиста гардад;

5.адаб.

Калидвожаҳо

Маънои номи Назокат Nazokat