Номнома

Нақиб

мардона

МАЪНӢ

Нақиб (арабӣ) ‫نقيب‬ 1. раис ё вакили қабила, сардори қавм; сардор, сарвар, раис; сарпараст, муҳтарами қавм; меҳтари қавм, сарпарасти гурӯҳ; бузургу зомин; донандаи қавм; солор, пешоҳанг;

Пас нақибон пеши аъробӣ шуданд,
Бас гулоби лутф бар рӯяш заданд.
(Ҷалолуддини Румӣ)


2. ходими шахси олимансаб; ҷонишин; муовин ё ноиби калонтар;

Нақибон ниҳоданд маҳди зараш,
Ба пушти ҳаюнони куҳпайкараш.
(Ҷомӣ)


3. ориф ва донандаи ансоб; орифи қавм;

4. гувоҳи қавм; шоҳиди қавм; пешрави қабила;

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб.
(Рӯдакӣ)


5. забони тарозу; лисонулмизон;

6. номи Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ки соли 1865 милодӣ дар хонаводаи сарватманд дар деҳаи Зосуни Фалғар ба дунё омад. Гузаштагони ӯ дар асл аз Самарқанд буданд. Айёми кӯдакӣ ва наврасии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар зодгоҳаш гузашт. Ибтидо дар сояи падараш ва сипас бародаронаш Тӯрахон, Мансурхон, Ҳамзахон ва Акбархон сипарӣ шуд. Ва дар деҳ аз устодони маҳаллӣ саводи ибтидоиро омӯхт. Дар оғози ҷавонӣ, аввал дар шаҳри Самарқанд сукунат гузид ва дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Тилокории Регистони Самарқанд ба таҳсил пардохт. Дар ҳангоми таҳсил ба зодгоҳаш рафтуомад мекард. Ӯ дар даврони таҳсили илм, аз маҳзари устодони хирадманди замонаш истифода бурдааст ва соҳиби маърифат гардидааст. Нақибхон шоириро пешаи худ интихоб мекунад. Баъди итмоми таҳсил дар мадрасаи Тилокории Самарқанд, барои касби илм ва адаб аз маҳзари уламо ва удабои замонаш дар Бухоро мемонад. Баъди чанде ба зодгоҳаш баргашт ва оиладор шуда, соҳиби писар гардид, вале бадхоҳонаш он писарро аз байн бурданд ва модари фарзандашро бо доруе ақим сохтанд. Баъди муддате чанд аз сабаби бефарзандӣ аз ҳамсараш ҷудо шуд ва бо зани дигаре оила барпо намуд. Туғрали Аҳрорӣ аз тарафдорони инқилоб ва барқарории ҳукумати Шӯравӣ буд. Соли 1919 милодӣ ба тӯҳмат аз тарафи бадхоҳонаш ба қатл расид. Аз ӯ барои имрӯзиёну фардоиён девони ғазалаш боқӣ мондааст.

Калидвожаҳо

Маънои номи Накиб Nakib Naqib