Наим
мардонаМАЪНӢ
Наим - (арабӣ). نعیم неъмат, нозу неъмат, тавонгарӣ
Наим (арабӣ) نعيم номест барои писарон; неъмат, мол; боигарӣ, тавонгарӣ; фаровонӣ; ба маънии неъмат ва некӣ ва дастрас ва мол ва ноз; хоста.
Бо ту ёрон ҳама дар нозу наим,
Ман гунаҳкорам, аз он месӯзам.
(Саъдии Шерозӣ)
2. хуррамӣ, шодмонӣ, сурур; саодатмандӣ; хушгузаронӣ; хушӣ; хушзиндагонӣ; бо нияти он, ки фарзанд хуштолеъ гардад, ӯро Наим ном диҳанд;
Чӣ илтифот муҳибро ба бӯстону наим,
Ки дил зи рӯи ту боғест пур зи нори Халил.
(Камол)
3. маҷ. биҳишт:
Имшаб он нест, ки дар хоб равад чашми надим,
Хоб дар равзаи Ризвон накунад аҳли наим.
(Саъдӣ)
4. василаи хушӣ ва шодкомӣ дар зиндагонӣ;
Ҳофиз, дигар чӣ металабӣ, аз наими даҳр?
Май мехурию турраи дилдор мекашӣ.
(Ҳофиз)
5. осоиш;
Маскану мустақари Хоҷа наими дигар аст,
Як-ду сол аст, ки ман дур бимондам зи наим.
(Фаррухӣ)
6. диҳиш, атия;
Наими давлати ту безавол аст,
Шароби неъмати ту бехумор аст.
(Масъуди Саъд)
7. нарму соф ва нозуку латиф;
Орифон ҷониби наим раванд,
Ғофилон хору бехабар миранд.
(Ҷалолуддини Румӣ)
8. Муҳаммаднаими Панҷобӣ аз шуъарои порсигӯи ҳиндутабор аст.

Калидвожаҳо
Маънои номи Наим Naim