Номнома

Мужда

мардона занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Мужда - (форсӣ). مژده хабари хуш, башорат, навид

Мужда ‫مژده‬ 1. хабари хуш, навид; башорат; навиди шодибахш; касе, ки аз хабари хуш башорат медиҳад, касе, ки хабари хушро мерасонад.

Ҳар куҷо чашм парад, муждаи дидоре ҳаст,
Ҳар куҷо дил тапиш орад, хабаре мехоҳад.
(Бедил)


2. муждагонӣ, инъоми хабари хуш;

3. шодӣ; шодӣ ва хушҳолӣ; шодӣ ва хушҳолӣ.

Бад-ин мужда гар ҷон фишонам, равост,
Ки ин мужда осоиши ҷони мост.
(Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Мужда Muzhda