Номнома

Музаффар

занона

МАЪНӢ

Музаффар - (арабӣ). رّمظف зафарёфта, пирӯз, зафарманд, ғолиб

Музаффар а.مظفر 1.зафарманд, ғолиб, фирӯз; комёб, комраво, пирӯзманд, пирӯзгар, пирӯзгор; зафарёфта; пирӯзшуда, мансур; пирӯзгардида; фирӯзмандидодашуда; марди ба муроди худ расида, ҳар чӣ бошад ва пирӯзӣ ва нусратёфта ва ҷавонмарди ба муроди худ расида, ҳар чӣ бошад ва фатҳу зафарёфта ва пирӯз ва мансур ва пирӯзиёфта, нусратёфта, он ки бар коре даст занад, бархурдор гардад; зафарёб, касе, ки мағлуб нагардидааст, касе, ки ғолиб аст, ба мурод расида, ба коми худ расида.

Эй ҳама сол музаффар шуда бар хайли адӯ,
Бар ту ноёфта як рӯз адӯи ту зафар.
(Қатрони Табрезӣ)


2.лақаби Наср, бародари Султон Маҳмуд;

Санҷар, ки вазорат ба Музаффар додаст,
Шак нест, ки ҳақ ба дасти ҳақвар додаст.
(Амир Муиззӣ)


3.лақаби моҳи сафар аст, моҳи дувуми солшумории қамарӣ.

Калидвожаҳо

Маънои номи Музаффар Muzaffar