Мусаввара
занонаМАЪНӢ
Мусаввара // Мусаввар а.مصوره//مصور 1.тасвиркардашуда, муҷассам, сураткашидашуда, тимсолёфта; пайкар, сурати наққошишуда; дорои сурат ва шакл; нигоршуда, нигошта; ба нақш нигошташуда, пайкаркардашуда, дар сурат овардашуда, нақшшуда.
Ошиқон рӯи туро нури мусаввар хонанд,
Парда бардор, ки равшантар аз ин бархонанд.
(Камол)
2.аксёфта; дидашаванда;
Мусайқал шуд оинасон синаам,
Ду олам мусаввар дар оинаам.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)
3.намоён, ба назар намоён; падидор, мусаввар;
Гаҳе дидӣ нигорашро мусаввар,
Ба чашми ваҳм, кардӣ дарди дил сар.
(Нозим)
4.вуҷуддошта, муҷассам;
Синони туст қадар, гар муҷассам аст қадар,
Ҳусоми туст қазо, гар мусаввар аст қазо.
(Манучеҳрии Домғонӣ)
5.халқшуда ва офаридашуда, махлуқ;
6.бахаёломада.
Рафтию ҳамчунон ба хаёли ман андарӣ,
Гӯё ки дар баробари чашмам мусавварӣ.
(Саъдӣ)
Ошиқон рӯи туро нури мусаввар хонанд,
Парда бардор, ки равшантар аз ин бархонанд.
(Камол)
2.аксёфта; дидашаванда;
Мусайқал шуд оинасон синаам,
Ду олам мусаввар дар оинаам.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)
3.намоён, ба назар намоён; падидор, мусаввар;
Гаҳе дидӣ нигорашро мусаввар,
Ба чашми ваҳм, кардӣ дарди дил сар.
(Нозим)
4.вуҷуддошта, муҷассам;
Синони туст қадар, гар муҷассам аст қадар,
Ҳусоми туст қазо, гар мусаввар аст қазо.
(Манучеҳрии Домғонӣ)
5.халқшуда ва офаридашуда, махлуқ;
6.бахаёломада.
Рафтию ҳамчунон ба хаёли ман андарӣ,
Гӯё ки дар баробари чашмам мусавварӣ.
(Саъдӣ)
Калидвожаҳо
Маънои номи Мусаввара Musavvara