Номнома

Мусаллам

мардона занона

МАЪНӢ

Мусаллам - (арабӣ). مسلم таслимшуда, сиҳату саломат, яқин

Мусаллам // Мусаллама (арабӣ) مسلمه // مسلم 1. таслимшуда; тобеъ, фармонбардор; тандода; тобеъшуда; касе, ки ислом овардааст;

Ту ошиқони мусаллам надидаӣ, Саъдӣ,
Ки теғ бар сару сар бандавор дар пешанд.
(Саъдӣ)


2.ба саломат дошта; эмин, саломат;

Хат ба ҷаҳон даркашу беғам бизӣ,
Дур шав аз давру мусаллам бизӣ.
(Низомии Ганҷавӣ)


3.муносиб, лоиқ, раво;

4.муайян, яқин, таъйинкардашуда.

Идбор киро бувад муқаддар,
Иқбол киро бувад мусаллам?
(Савдо)


5.муяссар ва ҳосилшуда, дастрасшуда;

Дар чорболиши адам ой аз бисоти кавн,
К-ин ҷо дами мурод мусаллам наёфт кас.
(Хоқонӣ)


6.бешубҳа, бебаҳс, бе чуну чаро; бегумон, равшан, ошкор;

7.раҳогашта;

8.боваркардашуда;

9.ҳатмӣ, қатъӣ;

10.касе, ки ҳарфи ӯро ҳуҷҷат донанд ва бе чуну чаро бипазиранд;

11.супурда, супурдашуда.

Калидвожаҳо

Маънои номи мусаллам musallam