Мурод
мардона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Мурод - (арабӣ). مراد мақсад, талаб, хоҳиш, хоҳиш, орзу
Мурод مراد 1. хоҳиш, орзу; хост, хоста, ком;
Хоҳанд ошиқон ду мурод аз Худои хеш:
Ҳаҷр аз барои ғайру висол аз барои хеш.
(Ҳилолӣ)
2. мақсуд, мақсад, объекти орзу ва талаб; хосташуда, иродашуда; манзур, қасд, ғараз, матлуб.
Муроди ҳарду ҷаҳон ёфтам зи давлати дӯст,
Даме, ки ёфтам аз давлати рақиб халос.
(Камоли Хуҷандӣ)
3. қасд, нийят, азм;
Нигоро, ёру дилдорам ту бошӣ,
Мурод аз сайри гулзорам ту бошӣ.
(Ҷунунӣ)
4. матлуб, маъшуқ;
Аз ту Камоли шикаста ҷуз ту нахоҳад,
З-он ки муриди туам ману ту муродам.
(Камол)
5. шайх, муршид; пир, дастгир; раҳнамо, раҳбар, пешво;
6. пешниҳод.

Калидвожаҳо
Маънои номи Мурод Murod