Номнома

Муқаддам

занона

МАЪНӢ

Муқаддам - арабӣ). مقدم қаблӣ, пешин, авло, афзал, бартар

Муқаддам (арабӣ) مقدم 1.пеш, дар пеш, қаблан; пешин, пешина, собиқ, гузашта ва мозӣ;

Девони шоирони муқаддам бар ин гувост,
Девони шоирони саногӯи ӯ биёр.
(Фаррухӣ)


2.қисми пешини чизе, пеши чизе; ҷузъи пешин аз ҳар чизе;

3.афзал, авло; бартар; беҳтар, авлотар.

Васл чун ҷаҳли мураккаб буваду ишқ басит,
Ишқро бар талаби васл муқаддам дорам.
(Шоҳин)


4.пешво; пешқадам, сардор; пешрав; раҳбар, бузургтар.

5.пешфиристодашуда, пешҷойгирифта ва дар пеш ҷой гирифта, пешомад, пешрафта, пешафтода.

Муқаддам аст ба нутқу мусаллам аст ба илм,
Чу бар ҷавоб суолу чу бар суол ҷавоб.
(Абулфараҷи Рунӣ)


6.болонишин, садрнишин;

Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф,
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст.
(Саъдӣ)


7.пешкардашуда; пешдаромада ва пешфиристода ва дар пеш ҷойгирифта ва пешомада ва пешрафта; пеш, пешафтода, ҷилав, ҷилавафтода, муқобили муаххар.

Ҷуди ту чу рӯз аст дар офоқ муқаррар,
Ройи ту чу илм аст бар афлок муқаддам.
(Амир Муиззӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Мукаддам Mukaddam Muqaddam