Номнома

Муъмин

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Муъмин - (арабӣ). مؤمن боимон, имондор, диндор

Муъмин (арабӣ) ‫ن‬‫مؤم‬ 1. диндор, имондор, боимон; зинҳордиҳанда; гараванда ба худои таоло; қабулкунандаи шариат; касе, ки ба худо ва расул имон оварда бошад ва имон дорад, диндор ва муттадайюн; он кӣ худо ва паёмбар ва он чиро ба ӯ нозил шуда, тасдиқ дорад; дорандаи имон, имоноваранда, касе, ки имон дорад, соҳиби имон ва эътиқод ба худованд ва расулаш, диндор, имондор, имонвар;

Дар дуои муъминину муъминотӣ, з-он, ки ҳаст
Зери борат гардани ҳар муъмину ҳар муъмина.
(Манучеҳрии Домғонӣ)


Аҳмади Масруқ гуфтааст: «Бузург доштани ҳурмати мӯъмин аз бузург доштани ҳурмати Худованд бувад ва ба ҳурмати банда ба маҳалли ҳақиқати тақво расад» (Тазкират-ул-авлиё).

Ҳар касеро майл бо чизею хотир бо касест,
Муъмину саҷҷодаи вай, кофиру зуннори ӯ.
(Авҳадӣ)


2. бовардоранда, бегумон, бешубҳа;
3. мусулмон;
4. эътимодкунанда;
5. эминкунанда;
6. тасдиқкунанда, ростикунанда;
7. бетарскунанда, бебимкунонанда.

Калидвожаҳо

Маънои номи Муъмин Mumin Муьмин Мумин