Номнома

Муҳаммад

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Муҳаммад - (арабӣ). محمد ҳамдшуда, сутудашуда, номи паямбар (с)

Муҳаммад (арабӣ) ‫محمد‬ 1. ситудашуда, ситоишшуда; ситуда; бағоят ситуда; бисёр ситуда; бисёр таҳсиншуда; шахсе, ки дар ҳаққи ӯ пайваста таҳсин мегӯянд ё ҳамду сано мехонанд;

2. номи паёмбари бузурги Ислом; Ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) паёмбари ислом, хотами паёмбарон;

Эзоҳ: Бидон, ки мақсуд аз офаридани мавҷудот вуҷуди инсон буд ва мақсуд аз вуҷуди инсон, маърифат буд. Ва он чи Ҳақ таоло онро амонат хонд, маърифат аст. Ва қобили таҳаммули бори амонат инсон омад. … чандон ки одамиро аз дин бархурдорӣ беш аст, ӯро маърифат зиёдат аст. Пас, тарбияти дин чун ба мутлақи инсон ҳосил мешавад, ҳар як анбиё, ки узве буданд бар шахси инсонӣ, бар хамирмояи дин дасткории хеш ба камол мебурданд, то кор ба Муҳаммад (а) расид, ки дили шахси инсонӣ буд, бар он ростакорӣ бинамуд, дин ба камоли хеш расид, муҳтоҷи тасрифи ҳеч мураббӣ нагашт; зеро, ки камолияти «алявма акмалту лакум динакум» (Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам – сураи 5 ояи 4); Дин ба ҳеч аҳд наёфта буд, илло ба аҳди Хоҷа (а) ва ҳар зиёдате, ки бар камол афзоӣ, нуқсон бувад (аз-зиёдату ала-лкамоли нуқсон); Динро сифоти бисёрест, ҳар сифатеро яке аз анбиё мебоист, то ба камол расонад. Чунонки: Одам (а) сифати суфуф ба камол расонид. Нӯҳ (а) сифати даъват. Иброҳим (а) сифати хуллат (дӯстию бародарӣ); Мӯсо (а) сифати муколамат. Айюб (а) сифати сабр. Яъқуб (а) сифати ҳузн. Юсуф (а) сифати сидқ. Довуд (а) сифати тиловат. Сулаймон (а) сифати шукр. Яҳё (а) сифати хавф. Исо (а) сифати раҷо (умедворӣ);(«Фарҳангномаи татбиқӣ»)

Қурбони гесувонат, ё Мустафо Муҳаммад!
Ҷонам фидои номат, ё Мустафо Муҳаммад!
Пайғамбари Худоӣ, тафзили анбиёӣ,
Маҳбуби раббаноӣ, ё Мустафо Муҳаммад!
(Ҷунунӣ)


3. номи сураи чиҳилу ҳафтуми Қуръони карим;

4. он ки хисоли писандидаи вай бисёр бошад; некӯсиришт, некхӯ, касе, ки сифоти некаш касир аст.

Калидвожаҳо

Маънои номи Мухаммад Mukhammad Muhammad