Муҳаббат
занонаМАЪНӢ
Муҳаббат - (арабӣ). محبت дӯстдорӣ, ишқ, меҳр, майл, ихлос
Муҳаббат (арабӣ) محبت1. меҳр, дӯстдорӣ; ишқ; меҳрубонӣ, лутф; дӯстӣ, дӯстдорӣ; шафқат; зидди ҷавру душманӣ; дӯст доштан, дил овезидан, дилбастагӣ, ёрӣ, дилдорӣ ; дӯст доштан; соҳиби чунин меорад, ки ин калима ба фатҳи мим, яъне, маҳаббат дуруст аст, зеро масдари мимӣ аз сулосии муҷаррад ба замми аввал мустаъмал нашудааст ва ба табаъи ӯ, соҳиби низ ҳамчунин зикр карда.
Муҳаббат кори бедардон набошад,
Вафо бори сабукборон набошад.
«Касе, ки ошиқ аст, аз ҷон натарсад»,
Агар маъшуқа сер аз ҷон набошад…
(Лоиқ Шералӣ)
2. якрангӣ;
3. шинохтан;
4. сафо доштан ;
Рӯзи милоди муҳаббат рӯзи милоди Худост,
Меравам ман, зери поям нардбони кибриёст.
(Фарзонаи Хуҷандӣ)
5. муҳаббат майли қалб аст ва муҳаббат сифатест, ки миёни махлуқот ва миёни банда ва Ҳақ таоло мебошад; муҳаббате, ки миёни махлуқот аст, аввалдараҷаи он мувофиқати табъ аст, ки оқибат ба ишқи шадид мунтаҳӣ мешавад; ва муҳаббати Ҳақ ба банда хайр аст ва муҳаббати банда бар Ҳақ тоат аст ва ҳарчанд муҳаббат зиёдат гардад, тоат зиёдат шавад ва аз ин ҷиҳат баъзе гӯянд, муҳаббат мувофиқат аст дар тоат.

Калидвожаҳо
Маънои номи Мухаббат Mukhabbat Muhabbat