Номнома

Моҳофарид

занона

МАЪНӢ

Моҳофарид ماه آفريد 1.офаридаи моҳ, офаридаи фариштаи нигаҳбони моҳ;

2.монанди моҳ офаридашуда;

3.духтари Тур, писари Фаридун;

Куҷо духтари Тур Моҳофарид,
Ки чун ӯ кас андар замона надид?
(Фирдавсӣ)


4.номи канизак ва маҳбубаи Эраҷ; номи канизаки Эраҷ буд ва баъд аз кушта шудани Эраҷ маълум гардид, ки ҳомила буда, баъд аз он духтаре овард, Тивр ном карданд ва Манучеҳр аз он духтар ба ҳам расид; ҷаддаи Манучеҳр буд;

Баромад бар ин низ якчанд гоҳ,
Шабистони Эраҷ нигаҳ кард шоҳ…
Яке хубчеҳри парастанда дид,
Куҷо номи ӯ буд Меҳрофарид,
Ки Эраҷ бар ӯ меҳри бисёр дошт,
Қазоро канизак аз ӯ бор дошт,
Паричеҳрро бачча буд дар ниҳон,
Аз он шод шуд шаҳрёри ҷаҳон.
(Фирдавсӣ)


5.номи яке аз занони Баҳроми Гӯр.

Калидвожаҳо

Маънои номи Мохофарид Mokhofarid Mohofarid