Номнома

Мижгон

занона

МАЪНӢ

Мижгон مژگان 1.мижа; мӯҳои пилки чашм; мижаҳои чашм; ҷамъи мижа; торҳои мӯйи дидаро мегӯянд;

Маро донӣ, ки бе ту ҳол чун аст?
Ба ҳар мижгон ҳазорон қатра хун аст.
(Анварӣ)


2.киноя аз нӯгҳои болоии гиёҳ, сабза;

Ҳар куҷо ишратхиром ояд насими навбаҳор,
Сабзаҳоро бояд аз мижгон бисот оростан.
(Бедил)


3.ошиқ шудан; гирифтори ишқ гардидан, дилдодаву шайдо гардидан;

4.киноя аз нигоҳи нофизи маъшуқ бар дили ошиқ; назари маҳбуба ба сӯи ошиқаш.

Калидвожаҳо

Маънои номи Мижгон Mizhgon