Номнома

Мирзо

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Мирзо – (форсӣ). میرزا) кӯтоҳшудаи амирзода) котиб, муншӣ, дабир

Мирзо ‫ميرزا‬ 1. шакли кӯтоҳшудаи амирзода; фарзанди амир, шоҳзода; ва дар асл амирзо бувад, ки алифи он аз касрати истеъмол ҳазф шуда ва маънии таркибии он амирзода бошад; пештар аз алқоби шоҳзодагон буд, ҳоло бар сардорзодагон итлоқ намоянд; бар ин тақдир мирзо ба ҳазфи таҳтонӣ чунончи машҳур аст, дуруст набошад;

2. котиб, муншӣ; нависанда; дабир; ва дар урфи ҳол бар нависандагони дафтари подшоҳии Эрон низ итлоқ карда шавад;

3. дар охири номи шаҳзодагони саййиднасаб, мас. «Иброҳим-мирзо» ва дар аввали номи одамони босаводи зиёӣ зикр меёбад, ҳамчун «Мирзо Иброҳим», «Мирзо Абдулқодири Бедил»;

4. дар Ҳиндустон лақаби авлоди сардорони лашкар;

5. номи шоири машҳури асри ХХ тоҷик Мирзо Турсунзода

Калидвожаҳо

Маънои номи Мирзо Mirzo