Меъроҷ
мардона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Меъроҷ - (арабӣ). معراج нардбон, зинапоя, болобароӣ *
*Шаби 27-уми моҳи раҷаби соли қамарӣ, ки дар он Муҳаммад (с) бо Худованд мулоқот кардааст ва мусулмонон ин рӯзро ид (иди Раҷаб) мекунанд.
Меъроҷ (арабӣ) معراج 1. он чӣ ба воситаи он боло мебароянд; нардбон; пиллакон; он чи ба василаи он боло раванд, масъад, маъраҷ; ҷойи боло рафтан ва баланд гардидан;
Ба авни уммати мискину муҳтоҷ,
Шафоатро ба боло карда меъроҷ.
(Хусрави Деҳлавӣ)
2. дараҷот;
Зи меъроҷи мансаб маҷӯ пойдорӣ,
Ки бар ях бувад пой ин нардбонро.
(Соиби Табрезӣ)
3. баболоравӣ, болобарӣ, уруҷ кардан;
Ҳар даме ӯро яке меъроҷи хос,
Бар сари тоҷаш ниҳад Ҳақ тоҷи хос.
(Румӣ)
4. авҷ, улвият, аълоӣ; баландӣ;
Ба ҳайратгоҳи ин меъроҷи қудрат
Надорад ҳеч шоир боли ҷуръат.
(Абдулқодири Бедил)
5. дар яке аз шабҳо ба олами улвӣ ба боло рафтани Муҳаммад пайғамбар (с); суъуди пайғамбари ислом ба осмон, ки яке аз мӯъҷизоти ӯ маҳсуб мешавад.
Шаб аз чатри меъроҷи ӯ сояе
В-аз он нардбон осмон пояе.
(Низомии Ганҷавӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Меъроч Meroch Meroj Меьроч Мероч