Мавзун
занонаМАЪНӢ
Мавзун (арабӣ) موزون 1. санҷида, баркашида, вазн кардашуда; вазншуда, санҷидашуда; кашида бо тарозу, сахта, санҷида; андоза кардашуда; бо вазн кашида;
Аз мулуки даҳр номавзун ҳамеёбад ато,
То санои ӯ ба мизони хирад мавзун бувад.
(Амир Муиззӣ)
2.мутаносиб, зебо, нозук; шинам; киноя аз матбӯъ;
…Ки ҳар як мисрааш сарвест мавзун,
Чу қаддаш як қалам рангин зи мазмун.
(Ҳозиқ)
3.хушоҳанг, форам; салис, фасеҳ, равон (оид ба шеър ва ғ.); оҳангин, созвор, ҳамгом;
Дилам биҷӯ, ки қадат ҳамчу сарв дилҷӯй аст,
Сухан бигӯ, ки каломат латифу мавзун аст.
(Ҳофиз)
4.нек, ороста ва хушписандида, дилпазир, хушоянд; порсиён ба маънии хушоянда истеъмол кунанд, чун табъи мавзун ва тинати мавзун ва пайкари мавзун ва шамоили мавзун ва қомати мавзун ва болои мавзун ва хатти мавзун ва холи мавзун ва хандаи мавзун ва нолаи мавзун ва нуктаи мавзун ва ҷуз он; матбӯъ, дилписанд ба андом.
Хезу ғанимат шумор ҷунбиши боди рабеъ,
Нолаи мавзуни мурғ, бӯи хуши лолазор.
(Саъдӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Мавзун Mavzun