Номнома

Маъсум

мардона

МАЪНӢ

Маъсум - (арабӣ). معصوم бегуноҳ, гуноҳнакарда

Маъсум (арабӣ) ‫معصوم‬ он кидар умри худ рафтор ва ҳаракати хилофи амру наҳйи дину шариат накарда бошад, он ки кори номашрӯъ накардааст; порсо, парҳезгор;

2. пок; покиза;

Аҳмади Масруқ мефармояд: «Ҳар кӣ ба ғайри Худой шод шавад, шодии ӯ ба ҷумла андӯҳ бувад; ва ҳар киро дар хидмати Худованд унс набошад, унси вай ба ҷумла ваҳшат бувад; ва ҳар кӣ дар хавотири дил бо Худои таоло муроқабат ба ҷой орад, Худои таоло ӯро дар ҳаракоти ҷавореҳ маъсум дорад».

3. аз гуноҳ нигоҳ дошташуда, аз гуноҳ пок; боздошташуда аз гуноҳ, бегуноҳ; бозмондашуда аз гуноҳ; барӣ аз гуноҳ; касе, ки афиф ва поку беолоиш бошад;

В-он ки маъсум ҳаст, дасти гуноҳ
Пои ӯро наёрад андар банд.
(Анварӣ)


4. нигоҳдошташуда; боздошташуда.

Калидвожаҳо

Маънои номи Маъсум Masum Маьсум Масум