Номнома

Машраб

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Машраб - арабӣ

ҷои обхӯрӣ ва обгирӣ; нӯшидангоҳ

Эй он ки раҳ ба машраби мақсуд бурдаӣ,
З-ин баҳр қатрае ба мани хоксор бахш.
Ҳофиз


зарфе, ки аз об, шароб ва ғ. менӯшанд

Машрабе додиям, ки шарбати он,
Ғам бикоҳад, тараб биафзояд.
Анварӣ


машраби ғислин

مشرب غسلین

зарфи оби истеъмолшуда; зарфи обҳои ҷароҳатшуста;
парҳезта ғора

маҷ. бахш,
баҳра, насиба

Бошад ба майхонаи имкон ба ҳар кас машрабе,
Хизр мамнуну Сикандар дар пайи оби бақост.
Туғрал


зарфи оби истеъмолшуда; зарфи обҳои ҷароҳатшуста;
парҳезта ғора

ғоя, маслак

Ҳар якеро [аз одамиён] машрабе ҷудогона ва мазҳабе алоҳида пайдо шуд.
Анвори Суҳайлӣ


Онро ки нест вусъати машраб дар ин саро,
Дар зиндагӣ ба тангии фардост мубтало.
Соиб


хулқу атвор, хӯ, хислат

Маранҷ аз баҳри ҷоне, Хусраво, гар мекушад ёрат,
Ки бошад хубрӯёнро басе, з-ин гуна машрабҳо.
Хусрави Деҳлавӣ


ҳамчун ҷузъи дувуми калимаҳои мураккаб омада
маънои маслак, хислат ифода мекунад, мас. ˊпокмашрабˊ, ˊғофилмашрабˊ

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Машраб Mashrab