Номнома

Машҳур

занона

МАЪНӢ

Машҳур - (арабӣ). مشھور шӯҳратёфта, номвар, маъруф, овозадор

Машҳур // Машҳура (арабӣ) مشھوره//مشھور 1.шуҳратёфта, номваршуда, номдор, овоза пайдокарда; пуровоза; некшинохташуда; номӣ, баном; шинохта ; ошкоршуда ва маъруфгашта ва фошкардашуда ва шоеъшуда ва рӯшиносгашта ва соҳибҷалол ва бузургвор; шаҳир, баландовоза, баландном.

Номи ӯ машҳур гашт аз марзи Чин то Қайравон,
Банда гашт ӯро ҳар он Хусрав, ки номи ӯ шунид.
(Амир Муиззӣ)


2.номбардор;

Зане машҳур ҳамчун офтоб аст,
Ки пеши Ҳақ дуояш мустаҷоб аст.
(Аттор)


3.хушном.

Ҳаргиз нашавад хасису коҳил,
Андар ду ҷаҳон ба хайр машҳур.
(Носири Хусрав)

Калидвожаҳо

Маънои номи Машхур Mashkhur Mashhur