Марворид
занонаМАЪНӢ
Марворид - (форсӣ). مروارید дурр, гавҳар, дурдона, ганҷ
Марворид (юнонии арабишуда) مرواريد 1.донаи хурд ва дурахшон, сафед ё сафеди хурдтоб, ки дар даруни садаф ба вуҷуд меояд; ҷисме ҷомид ва гаронбаҳо, ки аз садаф берун оваранд; гавҳарест сафед ва дурахшон, ки даруни садаф марворид ба вуҷуд меояд ва дар ҷавоҳирсозӣ масраф мешавад; ба ранги сиёҳ ва зард низ ёфт мешавад ва навъи сафеди он марғубтар аст.
Ду марворидаш аз мино буриданд,
Ба ҷои ришта дар сӯзан кашиданд.
(Низомии Ганҷавӣ)
Зи шавқи рӯи ту Ҳофиз навишт ҳарфе чанд,
Бихон зи назмашу дар гӯш кун чу марворид.
(Ҳофиз)
3.ашк, қатраҳои оби дида;
Эй басо шаб, ки мани хушклаб аз ҳасрати ту,
Бар замин рехтам аз дидаи тар марворид.
Ресмони мижаамро ба дури ашк, эй дӯст,
Чанд дар ришта кашад ишқи ту дар марворид.
(Сайфи Фарғонӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Марворид Marvorid