Номнома

Марҳабо

занона

МАЪНӢ

Марҳабо - (арабӣ). مرحبا лафзи таҳсин: Хуш омадӣ!, Офарин!, Зиҳӣ!

Марҳабо مرحبا 1.хуш омадед!, марҳамат! (барои таъзими меҳмон гуфта мешавад; хуш омадӣ; бифармо.

Гар дарояд оқиле, гӯ роҳ нест,
В-ар дарояд ошиқе, сад марҳабо.
(Ҷалолуддини Румӣ)


2.офарин!; калимае, ки дар таҳсин истеъмол мекунанд; аз одоти таҳсин аст, зиҳ;

Шеъри ту рӯҳониён гар бишнаванд аз рӯи сидқ,
Бонг бархезад аз эшон, к-эй Саноӣ, марҳабо!
(Саноии Ғазнавӣ)


3.маҷозан фарзанди дилхоҳу маҳбуб.

Калидвожаҳо

Маънои номи Мархабо Markhabo Marhabo