Номнома

Маҳмуд

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Маҳмуд - (арабӣ). محمود ҳамдшуда, ситудашуда, ситоишшуда

Маҳмуд (арабӣ) ‫محمود‬ 1. ситоишкарда, ситуда; ҳамдкардашуда; муқобили номаҳмуд; ситоишкардашуда;

Тавозуъ гарчи маҳмуд асту фазли бекарон дорад,
Набояд кард беш аз ҳад, ки ҳайбатро зиён дорад.
(Саъдии Шерозӣ)


2. некӯ гардонидан, бахайр кардан;

3. некӯсират;

4. номе аз номҳои Худои таоло; ситуда ба ҳамаи забонҳо;

5. аз алқоби паёмбари акрам Муҳаммади Мустафо (с);

6. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ; номи подшоҳест; «Султон Маҳмуди Ғазнавӣ» бузургтарин подшоҳони Ғазнавӣ (387-421) писари Сабуктагин, Фирдавсӣ - шоири номии Эрон дар замони ӯ китоби «Шоҳнома»-ро ба назм даровард, гуфтаанд, ки чаҳорсад тан шоир дар дарбори ӯ гирд омада буданд, аз шуарои маъруфи дарбор Унсурию Фаррухию Асҷадӣ буданд; Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, подшоҳи сулолаи Ғазнавиён, ки дар охирҳои асри Х ва чоряки аввали асри ХI ҳукмронӣ кардааст; тибқи ривоёт ӯро ғуломе буда хушгил ва хубкирдор, ки Аёз ном дошта ва миёни эшон муҳаббати азим барқарор гаштааст.

Маҳмудро чу қатъи тааллуқ шуд аз ҳаёт,
Пайванди ҷон ба риштаи зулфи Аёз кард.
(Ҳазини Лоҳиҷӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Махмуд Makhmud Mahmud