Маҳбуб
мардонаМАЪНӢ
Маҳбуб - (арабӣ). محبوب дӯстдошта, муҳаббатбаста
Маҳбуб (арабӣ) محبوب муҳаббатбасташуда, касе, ки аз тарафи дигаре дӯст дошта шудааст, дӯстдошташуда; маъшуқ; дӯстдошта; мавриди алоқа ва муҳаббат; писандкардашуда, писандида; дилситон, дилдор, дилбанд, дилбар, дилрабо, дилором, дилнавоз; зане, ки мавриди муҳаббати марде воқеъ шуда; маъшуқа;
Балои мардуми аҳли назар бувад чашмат,
Ба ноз агар бадар оӣ зи мактаб, эй маҳбуб!
(Амир Хусрави Деҳлавӣ)
2. дӯст; гиромӣ, писандида, ҷонон, дилпазир, дӯстгон;
Биё, то ҳар чӣ ҳаст аз дасти маҳбуб,
Биёшомем, агар заҳр аст, агар нӯш.
(Саъдии Шерозӣ)
3. нигорин;
4. дар истилоҳи сӯфиён мурод аз ҳақиқати мутлақ ва ҷамоли ваҷҳи Ҳақ.
Ин сухан бо кӣ тавон гуфт, ки мо
Ҷуз ту маҳбуб надидему ҳабиб.
(Ҳоҷиби Шерозӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Махбуб Makhbub Mahbub