Номнома

Маҳастӣ

занона

МАЪНӢ

Маҳастӣ // Меҳситӣ مھستی 1. беҳтарин, бузургтарин, ба ҳам пайваста аз вожаи «меҳ» (mah), ё мас (mas), ё маз (maz) бузург ва «стӣ» (sti) «ҳастӣ», «будан»; бонуи бузург; мураккаб аз меҳ ва ситӣ ба маънии хонум, бону, бонуи бузург; афзалтарин.

Имрӯз бас харобӣ, ҳам ҷоми офтобӣ,
Не кадхудои моҳӣ, не шавҳари маҳастӣ.
(Румӣ)


3.Моҳхонум, моҳбону;

4.Момест аз номҳои занон;

5.Манижа, Маҳастии Ганҷавӣ (аслан Хуҷандӣ) маъруфтарин занест, ки ба забони форсӣ шеър гуфта, дар 490 ҳ. мутаваллид шуда, дар ҷавонӣ ба дарбори Санҷар роҳ ёфт, чанг ва удро хуб менавохт ва шеър некӯ месуруд.

Фикри мавзунам кунун, Туғрал, дар иқлими сухан,
Ҳукми девони вазорат чун Маҳастӣ мекунад.
(Туғрали Аҳрорӣ)


Маҳастӣ пеши Султон чанг мезад,
Навое бас баландоҳанг мезад.
(Аттори Нишопурӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Махасти Makhasti Mahasti