Мадина
занонаМАЪНӢ
Мадина - (арабӣ). مدینھ шаҳр, номи шаҳри муқаддас
Номи дуввумин шаҳри муқаддас барои мусулмонон баъди Макка, ки дар Арабистон воқеъ аст.
Мадина (арабӣ) مدينه 1.шаҳр; балад;
Нигаҳ кун, то куҷо будию ин ҷо,
Кӣ овардат ба ин бедар мадина.
(Носири Хусрав)
2.номи шаҳрест, дар Ҳиҷоз воқеъ аст, ки қабри Муҳаммад пайғамбар (с) дар он ҷост; яке аз шаҳрҳои муҳимми Арабистони Саудӣ; шаҳрест ба Арабистон хуш ва мардуми бисёр ва равзаи муқаддаси пайғамбар (с) бо бисёр саҳоба он ҷост ва аз навоҳии вай санги фасон хезад, ки ба ҳама ҷаҳон бибаранд («Ҳудуд-ул-олам»); ин шаҳр пас аз муҳоҷирати пайғомбари ислом аз Макка ба он ҷо мавқеъияти хоссе пайдо кард ва номаш аз Ясриб ба Мадинатуннабӣ табдил ёфт, марқади Ҳазрати Расул дар ин шаҳр аст ва матофу зиёратгоҳи мусалмонони ҷаҳон аст;
Ҷонам фидои номи пайғамбари Мадина,
Қурбони тори мӯйи он сарвари Мадина.
Ё Раб, чӣ рӯз гардад ин давлатам муяссар,
Афғонкунон дароям, ман аз дари Мадина.
(Ҷунунӣ)
3.лафзи “мадина” маъхуз аст аз “тамаддун”, ки ба маънии ҷамъ шудан аст; чун анвои мардум дар шаҳр ҷамъ мешаванд, лиҳозо “мадина” мегӯянд.

Калидвожаҳо
Маънои номи Мадина Madina