Латиф
мардона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Латиф - (арабӣ). لطیف нозук, зариф, дилкаш, дилпазир
Латиф (арабӣ) لطيف 1. нарму нозук; борик, реза, хурд; сабук; бағоят нозук;
2. некӯ, нағз; бисёр некӯ;
Пур шав аз ин диданиҳои латиф,
Эй дил, эй дил, эй дили зебопараст.
(Фарзонаи Хуҷандӣ)
2. покиза;
3. некӯкор; бағоят некӯкор ва ёрикунанда; бисёр некӯкор, он ки рифқ ва мадоро кунад, он ки нармӣ кунад дар кор ва доност ба дақоиқи масолеҳ, рифқкунанда;
Инсоф медиҳам, ки латифону дилбарон
Бисёр дидаам, на бад-ин лутфу дилбарӣ.
(Саъдӣ)
4. дурбин;
5. хушмуошират;
6. боз; равшан:
Нур будӣ магар, чу нури латиф
Қасди хуршеди осмон кардӣ?
(Масъуди Саъд)
7. нигаред ба Абдуллатиф.

Калидвожаҳо
Маънои номи Латиф Latif