Номнома

Комрон

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Комрон -(форсӣ). كامران ба муроду мақсад расида, хушбахт

Комрон ‫کامران‬ 1. ба муроду мақсади худ расида, хушбахт, бахтёр; боиқбол, некбахт, саодатманд; хушиқбол, хушзиндагонӣ;

Ҷамшеди малик назири Билқис
Ҷуз бонуи комрон надидаст.
(Хоқонии Шарвонӣ)


2. комхоҳанда, орзуманд, хоҳишкунанда;

Гар якеро ту комрон бинӣ,
Дигареро дил аз муҷоҳида реш.
(Саъдии Шерозӣ)


3. маҷ. пуриқтидор, он ки ҳукмаш ба ҳама чиз равост; он ки амалу орзуҳои худро таҳқиқ бахшад; баҳраманд, комёб; хушгузарон, айёш; касе ки ҳар чӣ бихоҳад, барояш муҳайё шавад ва касе, ки дар ишрат аст; баҳраманд ва комёб.

Ба ҷони ту, эй Хусрави комрон,
Куҷо бурдам ин худ ба дил-дар гумон.
(Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Комрон Komron