Номнома

Комил

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Комил - (арабӣ). كامل мукаммал, пурра, беайбу нуқсон

Комил (арабӣ) ‫کامل‬ 1. пурра, тамом; он чи ба камол расида;

Бе азми дурусту сайъи комил
Касро нашавад мурод ҳосил.
(«Ахлоқи муҳсинӣ»)


2. ба камол расида, бе айбу нуқсон; беайб, бенақс; дуруст;

Туро комил ҳамедидам ба ҳар кор,
Валекин нестӣ дар ишқ комил.
(Манучеҳрии Домғонӣ)


3. фозил, донишманд, соҳибҳунар; доно;

Комиле гар хок гирад, зар шавад,
Ноқис ар зар бурд, хокистар шавад.
(Румӣ)


4. яке аз баҳрҳои арӯз, ки дар як байт мутафоилун ҳашт бор такрор мешавад; номи баҳрест дар аз нуздаҳ буҳури ашъор.

Калидвожаҳо

Маънои номи Комил Komil