Номнома

Хуршед

мардона

МАЪНӢ

Хуршед - (форсӣ). خورشید офтоб, меҳр, шамс, равшанӣ

Хуршед خورشيد 1.яке аз савобит, ки замин ва сайёроти дигар даври он мегарданд ва аз он касби нур мекунанд, ҳаҷми он 1310000 баробари ҳаҷми замин ва фосилааш то замин 149 миллион километр ва наздиктарини савобит бар замин мебошад; хур ва хуршод ва хуршо ва ҳур ва ҳуршед низ гуфта шуда, офтоб ҳам мегӯянд; хур, меҳр, шамс;

Бе рӯи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
(Рӯдакӣ)


Хуршед, агар ту рӯй напӯшӣ, фурӯ равад,
Гӯяд: Ду офтоб набошад ба кишваре.
(Саъдӣ)


Ба рӯи дӯст монанд аст хуршед,
Ба чашмам гарм з-он рӯ менамояд.
(Камоли Хуҷандӣ)


3.ба маънии таркибии он офтоби равшан;

4.ҳар ситораи собите, ки маркази яке аз манзараҳои шамсӣ бошад.

Калидвожаҳо

Маънои номи Хуршед Khurshed