Номнома

Хурсанд

мардона

МАЪНӢ

Хурсанд خرسند ном аст ҳам барои мардон ва ҳам занон;

1.шод, хушҳол, хушнуд; хуш; башшош; масрур, хуштабъ, дилшод; ҳамеша хуш;

Гуфтам, ки дилам ба бӯса хурсанд аст,
Гуфтӣ, бидиҳам, дигар чӣ мебояд?
(Анварӣ)


2.розӣ; он ки ризо ба қазо диҳад; он ки қаноат варзад, қонеъ; шокир; касеро гӯянд, ки ризо ба қазо дода бошад ва ба ҳар чӣ ӯро пеш ояд, шокиру розӣ бувад;

Тавонгартар он кас, ки хурсандтар,
Чу волост он, к-ӯ ҳунармандтар.
(Асадӣ)


4.ором.

Ту хурсанд гардон дили модарам,
Чунин ронд Эзад қазо бар сарам.
(Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Хурсанд Khursand