Номнома

Хоқон

мардона

МАЪНӢ

Хоқон т. خاقان 1.подшоҳи бузург, хони хонон, шоҳаншоҳ;

2.лақаби подшоҳони муғул ва турк; аз луғоти туркист ва дар қадим лақаби подшоҳони Чин ва Туркистон буда ва ҳоло бар ҳар подшоҳ итлоқ кунанд; подшоҳи бузурги турк ва он аслаш хони хонон аст, яъне, раиси руасо; ин лақабро ба подшоҳони турк додаанд, чунон ки подшоҳони Аҷамро «Кисро» ва подшоҳони Чинро «Фағфур» ва салотини Румро «Қайсар» ва подшоҳи Мисри Қадимро «Фиръавн» мегуфтанд, аммо мутлақан ба подшоҳ низ итлоқ мешавад.

Нахуст андароям зи хоқони Чин,
Ки тоҷаш сипеҳр асту тахташ замин.
(Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Хокон Khokon Khoqon