Номнома

Хоҷа

мардона

МАЪНӢ

Хоҷа - (арабӣ). خواجھ соҳиб, хӯҷаин, мансуб ба насли хоҷагон

Хоҷа خواجه 1.сардор, сарвар, соҳиб, хӯҷаин.

Ҳофиз на ғуломест, ки аз хоҷа гурезад,
Лутфе куну боз о, ки харобам зи итобат.
(Ҳофиз)


2.калимаи лақабмонанд, ки нисбат ба шахси муҳтарам кор фармуда мешавад; калимаи эҳтиром;

Даҳон бе забон панд мегуфту роз,
Ки, эй хоҷа, бо бемуродӣ бисоз.
(Саъдии Шерозӣ)


3.Муҳаммад (с)-ро низ Хоҷа гӯянд; он ки шунидаӣ, ки Хоҷаро соя набуд, рост аст аз ду ваҷҳ: яке ваҷҳи он, ки Хоҷа офтоб буд, ки «сироҷан муниран» ва офтобро соя набошад, дувум он, ки ӯ султони дин буд ва султон худ сояи Ҳақ аст ва сояро соя набошад.

4.мурод аз пир, муршид.

Китоби фикрро дебочаи рост,
Саводи нӯки килки хоҷаи мост.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Хоча Khocha Khoja