Хисрав
мардонаМАЪНӢ
Хисрав // Хусрав خسرو 1.дар «Сироҷ-ул-луғот» ва «Баҳори Аҷам»» навишта, ки хусрав ба замми аввал аст; ва баъзе ба касри аввал (яъне хисрав) гуфтаанд ва ҳамин касра ақвист, ки муаррабаш “кисро” далолат бар касра дорад;
2.шоҳ, подшоҳ, султон, амир; подшоҳи бузург; султони азимушшаън; Кисро, Қайсар; ҳар подшоҳи соҳибшавкат.
3.некном; некномӣ;
Сарат зери кулоҳи хусравӣ бод,
Ба хусравзодагон пуштат қавӣ бод!
(Низомии Ганҷавӣ)
4.номи подшоҳи Эрони қадим, ки аз рӯи достон ошиқи Ширин буд; номи Хусрави Парвиз, подшоҳи Эрон; Хусрави Парвиз, наваи Анӯшервони Одил; гӯянд вай нахустин подшоҳе буд, ки пайғамбари ислом ба ӯ нома навишт ва даъват ба ислом кард; Хусрави Парвиз подшоҳи бошукӯҳу ҷалол буд, достони ганҷҳои ӯ ва ҳамчунин ишқи вай ба Ширин – духтари сурёнӣ мавзӯи достонҳо ва ашъори достонсароён ва шоирон қарор гирифта; ва низ номи Парвиз ибни Ҳурмуз ибни Нӯшервон, ки ошиқи Ширин буд.
Хиромон Хусраву Ширин шабу рӯз,
Ба ҳар нузҳатгаҳе шоду дилафрӯз.
(Низомии Ганҷавӣ)
5.номи подшоҳи Эрон, писари Сиёвуш; номи писари Сиёвуш ибни Кайковус; писари Сиёвуш ва навҳи Кайковус яке аз шоҳони Каён аст, модараш, бино бар қавли Фирдавсӣ, духтари Афросиёб ба номи Судоба буд, ӯро Кайхусрав низ мегӯянд;
Биёмад, ба наздики Хусрав расид,
Ба он фарру авранг ӯро бидид.
(Абулқосим Фирдавсӣ)
5.номест аз номҳои подшоҳон; ва маҷозан ҳар подшоҳро низ гӯянд;
6.лақаби чанд тан аз шоҳони Сосонӣ;
7.тахаллуси шоири номвар Амир Хусрави Деҳлавӣ.

Калидвожаҳо
Маънои номи Хисрав Khisrav