Номнома

Хайрӣ

занона

МАЪНӢ

Хайрӣ (арабӣ) خيری 1. гиёҳест дорандаи лавни сурх ва сафед;

2. гули зард бошад хушбӯй; гулест зардранг, ки миёнсиёҳ бошад ва онро ҳамешабаҳор гӯянд, гулест ва анвои он бисёр аст, яке аз онҳо сиёҳранг аст ва онро хайрии хитоӣ мегӯянд ва дигаре бунафш аст ва онро хайрии мирдайнӣ ва хайрии ҳафтранг номанд ва яке дигар сафед ва сурх ва саҳроист ва хайрии хизомӣ гӯянд ва навъи дигар зард аст ва онро шерозӣ номанд ва гули ҳамешабаҳор ҳамон аст;

В-он қатраи борон, ки чакад бар гули хайрӣ,
Чун қатраи май бар лаби маъшуқаи майхор.
(Манучеҳрии Домғонӣ)


Дар чапу рост савсану хайрӣ
В-аз пасу пеш наргису райҳон.
(Фаррухӣ)


3. ранги сурх.

Калидвожаҳо

Маънои номи Хайри Khayri