Номнома

Катон

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Катон - арабӣ

гиёҳи соқадарозе, ки аз соқаҳояш барои бофтани
матоъҳои катонӣ ресмон ва аз донааш равған ҳосил мекунанд, зағир

матоъе, ки аз нахи пояи зағир бофта мешавад, суфи канабӣ

Зи каттону абрешиму мӯи қаз,
Касаб кард пурмоя дебою хаз. 
Абулқосим Фирдавсӣ


Ба ҳеч кисватам аз тан нарафт урёнӣ,
Фурӯғи моҳаму дар ҷомаи катон шудаам. 
Шоҳин


зистшиносӣ-улуми гиёҳӣ

сардае аз катониён бо ҳудуди 200 гуна, ки дар навоҳии муътадил ва нимаҳорра мерӯянд

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Катон Katon