Номнома

Каромат

занона

МАЪНӢ

Каромат (арабӣ) کرامت 1.саховат; олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ, мурувват; ҷавонмардӣ варзидан; навохт ва эҳсон ва бузургворӣ ва бахшандагӣ ва дод ва диҳиш ва бузургвор доштани касе;

Саййидо, муҳтоҷи арбоби каромат нестам,
Аз қаноат ҷӯ пур аз оби равондорам ҳанӯз.
(Саййидои Насафӣ)


3.сарфарозӣ, арҷмандӣ, бузургворӣ, рифъат;

Бад-ин тариқ зи Яздон чунин каромат ёфт,
Ту ин каромат з-аҷноси муъҷизот шумар.
(Фаррухӣ)


4.кори фавқулодае, ки гӯё аз авлиё содир мешудааст; он кори ғайриодӣ, ки аз пайғамбарон содир шавад, муъҷиза меноманд.

З-ин рӯй чун каромати Марям ба боғи умр,
Аз нахли хушк хӯшаи хурмо бароварам.
(Хоқонии Шарвонӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Каромат Karomat