Номнома

Карим

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Карим - (арабӣ). كریم босаховат, бахшандаи гуноҳ (сифати Худо).

Карим (арабӣ) ‫کريم‬ 1. сахӣ, босаховат; ҷавонмард, соҳибэҳсон бахшанда, баикром, сахӣ; саховатманд;

Аз каримон шавад фақир ғанӣ,
Ту каримию мо фақир, эй дӯст.
(Камоли Хуҷандӣ)


2.даргузаранда аз гуноҳ;

Он карим аст, ки чу абри баҳор,
Чун бирезад, бихандад охири кор.
(Мактабӣ)


3.меҳмонпарвар;

Ҳар чӣ омад ба дасти марди карим,
Ҳама дар пойи дӯстон афшонд.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


4.некӯкор; бузургвор баландҳиммат, боҷалол, меҳрубон, хайрхоҳ, некандеш, некниҳод;

5.нигаред ба Абдулкарим.

Калидвожаҳо

Маънои номи Карим Karim