Номнома

Искандар

мардона

МАЪНӢ

Искандар - (юнонӣ). اسکندر мудофеи шуҷоъ; шоҳи Юнони Қадим

Искандар // Сикандар (юнонӣ-арабӣ) ‫ندر‬‫اسک‬//‫سکندر‬ 1. муаллифи «Муаййид-ул-фузало» гӯяд: Рустание, ки барои баҳрӣ кор банданд ва онро искандарус низ гӯянд ва чунон тасомеъ аст, ки румиён искандарис сирро гӯянд ва он ҳам бахрро дур мекунад; сир.

2. ёвар ва ёрикунанда; аликсандарус, мураккаб аз аликсу ба маънии ёрӣ кард ва андарис ва онир ба маънии мард; ҷамъан, яъне ёвару ёрикунандаи мард; асли он Аликсандр аст; араб алиф ва ломи онро таъриф шумурда, алискандар гуфтааст;

3. номи писари Филип подшоҳи Мақдуния; номи шоҳи Мақдуния, ки эшонро тасхир кард; номи яке аз подшоҳони Юнони қадим, Искандари Мақдунӣ, маъруф ба Искандари Зулқарнайн, ки дар назди Арасту таълим гирифтааст.

На умри Нӯҳ бимонад, на мулки Искандар,
Низоъ бар сари дунёи дун макун, дарвеш.
(Ҳофиз)

Калидвожаҳо

Маънои номи Искандар Iskandar