Номнома

Иброҳим

мардона

МАЪНӢ

Иброҳим - (арабӣ). ابراھیم падари бузург; номи пайғамбар

Иброҳим (арабӣ) ‫ابراھيم‬ 1. бархе бар он ақидаанд, ки калимаи Иброҳим аҷамӣ буда, ба маънии раҳими арабӣ омадааст ва маънояш падари меҳрубон мебошад;

2. номи пайғамбари пеш аз Ҳазрати Мӯсо мулаққаб ба Халил ё Халилуллоҳ ё Халилурраҳмон; ҷадди аълои банӣ Исроил; номи паёмбаре, ки бутҳои хонаи Каъбаро дарҳам шикаст;

Мо чу Исмоил з-Иброҳими худ,
Сар напечем, арчи қурбон мекунад.
(Румӣ)


3. Абӯисҳоқ – яке аз машоихи сӯфияи Эрон, ки дар қарни дувуми ҳиҷрӣ мезиста, мегӯянд, подшоҳзода буда ва аз салтанат канорагирӣ карда; яке аз авлиёи кибор, ки қабл аз ихтиёри фақр подшоҳи Балх буданд; ва номи эшон Иброҳим аст ва номи падари эшон Адҳам.

Калидвожаҳо

Маънои номи Иброхим Ibrokhim Ibrohim