Номнома

Ҳусайн

мардона

МАЪНӢ

Ҳусайн - (арабӣ). حسین хуб, накӯ, зебо; набераи Муҳаммад (с)

Ҳусайн (арабӣ) حسين 1.хубак; тасғири “ҳасан”; соҳибҷамол; хуб ва некӯ; соҳибҷамол; некӯкак; зебояк;

2.писари дувуми ҳазрати Алӣ (р) аз завҷааш Фотима, разияллоҳу анҳо, духтари паёмбари гиромӣ (с) аст, ки дар дашти Карбало ба шаҳодат расида, дар ҳамон ҷо бо ҳамроҳонаш, ки 100 нафар буданд, дафн шудаанд;

Ҳусайни ташналаб мегуфт: «Кавсарро намебинам»,
Аҷаб шӯру аҷаб ғавғост, маҳшарро намебинам.
(Ҷунунӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Хусайн Khusayn Husayn