Номнома

Ҳикоят

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Ҳикоят - арабӣ

нақл,
қисса; ривоят

...Ва овардаанд андар ҳикоят, ки яке аз фарзандони Кисро аз оли Сосон аз падари хеш хашм гирифт.
Таърихи Наршахӣ


Ин ҳикоят шунав, ки дар Бағдод,
Рояту пардаро хилоф афтод.
Саъдӣ


Агар иҷозаи аъло бошад, маро ҳикоятест дар шаъни махдум, ба маърази арз мерасонам.
Аҳмади Дониш


гап, сухан

Ҳикоят бар мизоҷи мустамеъ гӯй,
Агар донӣ, ки дорад бо ту майле.
Саъдӣ


Ману инкори шароб – ин чи ҳикоят бошад?!
Ғолибо, ин қадарам ақлу кифоят бошад.
Ҳофиз


ҳикояти парешон

حکایت پریشان

киноя аз суханҳои подарҳаво, сафсата, суханҳои беасос

киноя аз суханҳои подарҳаво, сафсата, суханҳои беасос

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Хикоят Khikoyat Hikoyat