Номнома

Гулрух

занона

МАЪНӢ

Гулрух گلرخ он ки рӯяш ҳамчун гул зебост; он ки чеҳрааш дар латофат ва ранг ҳамчун гул бошад; гулчеҳр, гулрӯй; гулчеҳра, хубрӯ, хушгил, зебо, касе, ки рухи ӯ монанди гул сурх бошад; гулрӯй, зеборӯй, гулрухсор, дорои чеҳраи равшан ва дурахшон; он кӣ сураташ чун гул бошад, хушсурат; он ки чеҳрааш дар латофату ранг ҳамчун гул (сурх) бошад.

Канизони гулрух фароз омаданд,
Ҳама пеши Ҷам дар намоз омаданд.
(Асадии Тӯсӣ)


Ёри гулрух чу маро бор надод,
Гули умрам ҳама аз пой бирехт.
(Анварӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Гулрух Gulrukh