Гулнор
занонаМАЪНӢ
Гулнор گلنار 1.гули анори одии мевадор; гули анори садбарги наринаи бесамар, ки гулнори форсӣ низ мегӯянд; гули анор; шукуфа ва гули анор аст, ки дар сурхии ранг беназир аст;
Деҳқон ба тааҷҷуб сари ангушт газон аст,
К-андар чаману боғ на гул монду на гулнор.
(Манучеҳрии Домғонӣ)
2.маҷозан сурх, сурхранг;
Ман бе ту зи хуни дида гулнор,
Ту хандазанон ба саҳни гулзор.
(Файзӣ)
3.киноя аз рухсора, чеҳра; маҷозан ба маънии гуна аст аз ҷиҳати сурхӣ;
Дар тамошои он ду то гулнор,
Мард бар ҳам фитад чу донаи нор.
(Саноӣ)
4.ҳар гули сурхи садбарг;
5.номи канизаки Ардавони Ашконӣ.
Сухан чун зи Гулнор аз он сон шунид,
Шикебоию хомушӣ баргузид.
(Абулқосим Фирдавсӣ)
Деҳқон ба тааҷҷуб сари ангушт газон аст,
К-андар чаману боғ на гул монду на гулнор.
(Манучеҳрии Домғонӣ)
2.маҷозан сурх, сурхранг;
Ман бе ту зи хуни дида гулнор,
Ту хандазанон ба саҳни гулзор.
(Файзӣ)
3.киноя аз рухсора, чеҳра; маҷозан ба маънии гуна аст аз ҷиҳати сурхӣ;
Дар тамошои он ду то гулнор,
Мард бар ҳам фитад чу донаи нор.
(Саноӣ)
4.ҳар гули сурхи садбарг;
5.номи канизаки Ардавони Ашконӣ.
Сухан чун зи Гулнор аз он сон шунид,
Шикебоию хомушӣ баргузид.
(Абулқосим Фирдавсӣ)
Калидвожаҳо
Маънои номи Гулнор Gulnor