Номнома

Гулгун

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Гулгун - ба ранги гул, гулранг, сурхранг, сурх

Аз тапонча рӯй гулгунат кунад,
Сахт зиндониву маҳзунат кунад.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ


Буд гулгун зи бода дидаи ҷом,
Чашмзахме расид аз айём.
Мушфиқӣ


гулгун қарқаф

گلگون قرقف

шароби сурх

бодаи гулгун

باده گلگون

шароби сурх, маи лаългун

дебои гулгун

دیبای گلگون

матоъи сурх, матоъи абрешимии сурхи гулдор

монанди гули сурх тару
тоза ва зебо

Рухи гулгунш гашта заъфаронгун,
Лаби майгунш гашта осмонгун.
Фахриддини Гургонӣ


Фалак ҳусни туро аз ҳусни Юсуф кард гулгунтар,
Ки рангинтар кунад шоъир зи матлаъ ҳусни матлаъро.
Шавкат


маҷ. аспи
сурхранги тездав, аспи бӯри даванд

Биёред гулгуни лӯҳроспӣ,
Ниҳед аз бараш зини гӯштоспӣ.
Дақиқӣ


Эй ки гуфтӣ зи паяш ашк чу гулгун мадавон,
Бо касе гӯй, ки дар даст иноне дорад.
Камоли Хуҷандӣ


номи аспи Ширин

Ба Гулгун баркашид он тангдил танг,
Фарас гулбуну оби дида гулранг.
Низомӣ


шароби сурх

шароби сурх, маи лаългун

матоъи сурх, матоъи абрешимии сурхи гулдор

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Гулгун Gulgun